Ариза чист? Ариза санадест, ки дар он хабари расми ё хохише баён мешавад. Вай аз тарафи як ё якчанд нафар ба унвони муассиса, созмон навишта мешавад. Ариза аз чузхои зерин иборат аст. 1. Ному насаби кабулкунанда 2. Ному насаби шахси аризанависанда 3. Номи санад 4. Матн 5. Вазифа, ному насаб ва ному насаби аризанависанда дар мавридхои лозима махали зист зикр карда мешавад. 6. Имзо 7. Таърихи навиштани ариза Дар ариза ному насаби аризанависанда баяд пурра навишта шавад. Дар аризахое, ки нависанда чун шахрванд ба унвони ягон маком нависад, бояд ба чои вазифа нишонаи маххали зисташро зикр мекунад. |
Тасдикнома чист? Тасдикнома санадест, ки далелеро тасдик менамояд. Дар тасдикнома овардани чунин чузъхо иборат аст. 1. Номи муассисае, ки тасдикномаро медихад. 2. Шумора ва таърихи додани тасдикнома. 3. Унвони санад. 4. Ному насабе, ки ба он тасдикнома пениход мегардад. 5. Матн. 6. Унвони муассисае, ки ба он тасдикнома пешниход мегардад. 7. Имзои макоми расми. 8. Мухр. Тасдикномаро метавон дар шакли дастнавис тахия намуд ё чоп кард. Тасдикнома тибки дастури макоми болои ё макоми расми дода мешавад. Дар матни он хулоса ба пешниход бояд мавчуд набошад яъне дар он факат матлаб зикр карда шавад. |
Суратмачлис (протокол) чист? Чузъхои асосии суратмачлис: 1. Номи муассиса. 2. Номи санад. 3. Таърихи мачлис (машварат, конфронс). 4. Шумораи суратмачлис. 5. Махали мачлис. 6. Мухри (мачлис) тасдик (дар сурати зарурат). 7. Унвон (номи макоми марбут ё унвони мачлис). 8. Матн (бахши мукадассоти таркиби ширкаткунандагон, дастури руз). 9. Матни суханронии нотикон ва карори мачлис. 10. Ному насаби раису котиб. 11. Имзои раису котиб. |
Таъиднома (акт) чист? Таъиднома санадест,ки ходиса ва ё амали вокеъшударо тасдик менамояд. Таъиднома хангоми бозрасии масъалахои мухталиф озмоиши масъалахои нав ва ихтирооти (бинохо) барои бахрабардори, аз байн бурдани санадхо вахо казо тартиб дода мешавад. Чузъхои асосии таъиднома инхоянд: 1. Номи санад. 2. 3. Таърихи тахияи санад. 4. Вазифа ному насаби тахиякунандаи санад. 5. Матн. 6. Пешниходот. 7. Имзои раиси комиссия ва аъзохои вай. Кафолатнома чист? Кафолатнома саеадест, ки тавассути он макоми расмии созмон ё муассисаи дигар ичрои хадомотеро дархост намуда пардохти вайро кафолат медихад. Кафолатнома аз чузъхои зерин иборат аст. 1. Мухри чоргуша ё унвони расмии созмон ё муассисае, ки дархост мекунад. 2. Номи насаби созмон ё муассисае, ки аз он дархост ба амал оварда мешавад. 3. Номи санад. 4. Матн. 5. Ном ва насаби рохбари муассисаи дархосткунанда ва имзои вай. 6. Ному насаби сархисодори муассиса ва имзои вай. 7. Мухр. |
вторник, 14 июня 2011 г.
Коидахои хуччатхои расми аз фанни забони точики
Подписаться на:
Комментарии к сообщению (Atom)
Комментариев нет:
Отправить комментарий